Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон саранҷом роҳро ба рӯи НАТО боз кард


Бинои парлумони Покистон.

Бинои парлумони Покистон.

Покистон тасдиқ кард, ки роҳи заминии икмолоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро дубора боз мекунад.

Рӯзи сешанбе Қамар Замон Коира - вазири иттилооти Покистон гуфт, кумитаи мудофиаи ҳукумати Покистон тасмим гирифтааст, роҳҳои икмолоти нерӯҳои НАТО мустақар дар Афғонистонро дубора боз кунад. Моҳи ноябри соли 2011-ум баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ Исломобод роҳҳои заминии икмолоти НАТО-ро баста буд.

Ҳамчунон рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки дар як сӯҳбати телефонӣ вазири корҳои хориҷии Покистон хонум Ҳино Раббонӣ Кҳар ба ӯ хабар додааст, ки роҳҳои заминии икмолоти нерӯҳои НАТО аз нав фаъол мешаванд. Дар ин сӯҳбат Клинтон ба ҳукумати Покистон ва наздикони сарбозони фавтида таъзия баён кардааст. Дар ин бора сухангӯи департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд дар Вашингтон гуфт: “Ҳадаф таассуф аз талафотест, ки ҳар ду ҷониб дар мубориза бо террористон бардоштаанд.”

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии моҳи ноябр ва марги сарбозон, Исломобод фавран дастур дод, ки истифодаи роҳҳои заминии икмолоти НАТО дар Афғонистон, ки тавассути Покистон амалӣ мешуд, мутаваққиф шавад. Мақомоти Покистон талаб карданд, ки қабл аз ифтитоҳи дубораи роҳҳо, Вашингтон аз Исломобод узрхоҳӣ намояд.

Хонум Шаҳрбону Раҳмон, сафири Покистон дар Вашингтон бовар дорад, ки изҳороти Клинтон дар беҳбуди равобити миёни ду кишвар саҳм хоҳад гузошт. Департаменти давлатии ИМА изҳор намуд, ки эҳёи транзит бидуни кадом нархҳои иловагӣ бо ҳадафи таҳкими назму суботи Афғонистон ва минтақа сурат мегирад.

Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон хонум Нуланд дар ин бора гуфт: “Вазорати мудофиаи ИМА ишора карда буд, ки вақте роҳҳо баста буданд, хароҷоти мо афзоиш ёфт. Ҳоло натиҷа ин аст, ки мо истифодаи роҳҳои заминиро бо ҳамон нархҳои пештара барқарор кардем.”

Моҳи май дар шаҳри Чикаго дар нишасти сарони кишварҳои узви паймони НАТО, Покистон тибқи баъзе хабарҳо гуфта буд, ки транзити муҳимот дар ҳоле аз сар гирифта хоҳад шуд, ки нархи он ба маротиб боло бурда шавад. Баъди он НАТО имкони истифодаи роҳҳои заминии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро, ки бо номи роҳи шимол маъруф аст, мавриди арзёбӣ қарор дод. Рафтуомад ба Афғонистон тавассути роҳи шимол гаронтар аст.

Парвиз Ашфақ Каёнӣ ва Ҷон Ален

Парвиз Ашфақ Каёнӣ ва Ҷон Ален

Дар арафаи эълони Вашингтон сарвазири тозаинтихобшудаи Покистон Покистон Раҷа Парвиз Ашраф иброз дошт, ки манъи икмолоти НАТО тавассути Покистон ба равобити Исломобод бо Вашингтон ва дигар аъзои паймони НАТО таъсири манфӣ гузоштааст.

Фармондеҳи нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон генерал Ҷон Ален ба тасмими Покистон баҳои баланд дод ва гуфт, ки дар ин ҷанг ҳам покистониҳо, ҳам афғонҳо ва ҳам сарбозони НАТО сарсупурдагӣ нишон додаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе Толибони Покистон ҳушдор доданд, ки агар икмолоти НАТО тавассути роҳҳои заминии Покиситон аз сар гирифта шавад, онҳо мошинҳои боркаши НАТО-ро мавриди ҳамла қарор дода, ронандагони ин мошинҳоро ба қатл мерасонанд. Сухангӯи Толибон Эҳсонулло Эҳсон ба хабаргузории “Франс пресс” гуфтааст, ки Толибон иҷозат нахоҳанд дод, ки мошинҳо ба Афғонистон убур намоянд. Ӯ таҳдид кардааст, ки ин мошинҳо ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG