Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина нуфузи забони русӣ тавсеа меёбад


Бархӯрди вакилони мардумӣ дар толори парламенти Украина
Бархӯрди вакилони мардумӣ дар толори парламенти Украина
Дирӯз ҳангоми арзёбии қонун дар бораи мақоми забони русӣ дар парламенти Украина бархӯрде миёни вакилони ҷонибдори ҳукумат ва мухолифин ба амал омад.
Аз миёни 364 вакил 248 нафар ба тарафдорӣ аз қонуне овоз доданд, ки мақоми забони русӣ ва украиниро дар аксари манотиқи ин кишвар мусовӣ мекунад. Қонун баъди имзои президенти Украина Виктор Янукович ба ҳукми иҷро медарояд. Шореҳон хотирнишон мекунанд, ки лоиҳаи ин қонунро ҳизби минтақаҳои зери нуфузи президент Янукович матраҳ кардааст. Бар пояи ин қонун забони русӣ метавонад дар қонунгузорӣ, маориф ва соҳибкории бахши бузурги Украина мавриди истифода қарор гирад. Русзабонҳо дар ҷануб, шарқ ва шаҳрҳои калони Украина зиёданд. Забони украинӣ бошад, дар ғарб, шимол ва деҳоти ин кишвар бештар истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG