Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии нафткашони Жанаозен аз зиндон раҳо шуд


Коргардонҳо Булот Отабоев (аз рост) ва Ермек Турсунов ( аз чап) дар пушти дарвозаи зиндони Оқтау
Коргардонҳо Булот Отабоев (аз рост) ва Ермек Турсунов ( аз чап) дар пушти дарвозаи зиндони Оқтау
Сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ва коргардони қазоқ Булот Отабоев аз боздоштгоҳи шаҳри Оқтоу озод шудааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки номбурда шаби гузашта аз боздоштгоҳ раҳо шуда, мустақиман озими шаҳри Алмаато шуд. Отабоев моҳи июн бо айбномаи ангезиши адовати иҷтимоӣ боздошт шуда буд. Ҳафтаи гузашта хабар нашр шуда буд, ки шояд дар чорчӯби тафтиши парвандаи норомиҳои шаҳри Жанаозен мақоми Отабоев аз “муттаҳам” ба “шоҳид” мубаддал шавад. Отабоев яке аз ҳомиёни ҳуқуқ мебошад, ки соли гузашта аз эътирози дарозмуддати ходимони соҳаи нафти Қазоқистон дар шаҳри Жанаозен пуштибонӣ кардааст. Моҳи декабри соли гузашта эътироз ба бархӯрд бо полис табдил ёфт. Дар натиҷа камаш 16 ходими соҳаи нафт аз тири афросани қазоқ ба ҳалокат расиданд. Даҳҳо нафар бо иттиҳоми ангехтани низои иҷтимоӣ боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG