Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио аз сафари Медведев ба Курил хушҳол нест


Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар ҷазираи Кунашир
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар ҷазираи Кунашир
Ҳукумати Япония ё худ Ҷопон сафири Русия дар Токиоро фаро хонда, изҳори таассуф кардааст, ки сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев ба ҷазираҳои мавриди ихтилофи миёни ду кишвар сафар кардааст. Ба қавли вазири корҳои хориҷии Япония Коичиро Гемба сафари Медведев болои равобити Маскаву Токио "оби сард" мерезад. Рӯзи сешанбе дар арафаи боздиди ҷазираи Кунашир Медведев изҳор намуд, ки ҷазираҳои Курил бахши муҳими сарзамини Русия аст. Токио чор ҷазираи Курили ҷанубиро сарзамини худ шумурда, онро манотиқи шимолӣ меномад. Иттиҳоди Шӯравӣ ҷазираҳои Курилро дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҳти тасаруфи худ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG