Дархост ин буд, ки агар Шумо барои як рӯз хабарнигори “Озодӣ” шавед, ба кадом масъалаҳо диққат хоҳед дод ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба чиҳо ҷалб хоҳед кард? Пешниҳод шуда буд, ки дар мавзӯи дилхоҳи худ аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таҳсил, ҳунар, варзиш ва ғайра видеои 3-дақиқагӣ гиред ва дар ин озмун ширкат варзед.
Ҳоло сипосгузорем, ки даҳҳо нафар дар ин сабқат ширкат карданд ва видеоҳои худро фиристоданд. Воқеан наворҳо гуногунанд ва мавзӯъҳои мухталиферо фаро мегиранд.
Акнун аз ҳамаи хонандагони торнамо мехоҳем, ки аввалан ин навори моро бубинанд ва сипас ба сафҳаи озмун рафта, ба ҳар яке аз ин видеоҳо баҳо диҳанд, назари худро нависанд, ки ин ё он навор ба кадом ҷоиза сазовор аст.
Баҳои Шумо дар ҳукми ҳайати байнулмилалии доварон нақши муҳим хоҳад бозид. Метавонед, ба ҳар яке аз ин наворҳо аз 1 то 10 хол диҳед.