Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олмон Аваз Назаровро раҳо кард


Аваз Назаров
Аваз Назаров
Додгоҳе дар шаҳри Нюренберги Олмон Аваз Назаров яке аз тоҷирони сарватманди тоҷикистонӣ ва раиси пешини ширкати «Ансол»-ро, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дар авоили баҳори соли ҷорӣ дастгир карда буданд, раҳо кардааст.

Ин тоҷири тоҷикистонӣ дар Олмон бо дархости Додситонии кулли Русия боздошт шуда буд. Мақомоти тафтишотии Русия Аваз Назаровро барои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам хонда, алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тибқи иттиллои расонаҳо, дастури боздошт ва ба ҳабс кашидани Аваз Назаров аз тарафи додгоҳи шаҳри Твери Русия содир шуда ва амалиёти боздошти ӯ аз сӯи ходимони интизомии Олмон ҳамроҳ бо «Интерпол» ё пулиси байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Манобеи огоҳ гуфтаанд, ки додгоҳи Олмон сабаби кофӣ набудани иттиҳомоти ҷониби Русия алайҳи Аваз Назаров вайро раҳо кардаан ва ҳоло вай дар озодӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG