Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ваҳдат вакили мудофеи пешинро боздошт карданд


Кормандони пулиси ноҳияи Ваҳдат ба эҳтимоли ришваситонӣ Абдувалӣ Исматов-вакили мудофеи пешинро баздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Азия–Плюс” иттилоъ додааст. Тибқи ин хабар, дар охири моҳи май Исматов ба боварии зане медарояд ва қавл медиҳад, ки дар ивази 15 ҳазор сомонӣ барои раҳоии шавҳараш аз зиндон кӯмак мекунад. Вале пулро мегирад ва ин корро анҷом дода наметавонад ва пулро низ ба соҳибаш барнамегардонад. Ҳоло бар зидди ин мард парванда боз шудааст ва расидагӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG