Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоишҳои Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон


Дар Хоруғ-маркази идории вилояти худмухтори Бадахшон размоиши густардаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷиикстон зери номи «Ҳифз-2012” шурӯъ шудааст.
Фаридун Маҳмадиалиев-сухангӯи дафтари матбуотии вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, ин машқҳо дар размоишгоҳи мавсум ба «Тем» ва бо ширкати ҷузу томҳои ниҳодҳои мухталифи низомии Тоҷикистон мустақар дар вилояти Бадахшон идома дорад.

Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадафи тамринҳои низомӣ санҷиши омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои вижа, ҳамоҳангии фаъолияти онҳо дар амалиёти ҷангӣ дар шароити кӯҳистон, обу тоби руҳии сарбозону афсарон ва истифода аз навъҳои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ мебошад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ин размоиш аз тамоми силоҳҳои дар ихтиёрдоштаи нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҷумла чархбол ва мошинҳои зиреҳпӯш истифода карда мешавад.

Дар размоиши мазкур, ки таҳти роҳбарии Рамил Нодиров-муовини аввали вазири дифоъ ва сардори Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор мешавад, комиссариатҳои ҳарбии вилояти Бадхашон ва раисони навоҳии ин вилоят ширкат доранд. Ин размоиш аз 2 июл то 10 июл идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG