Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аввалин қаҳрамони олимпӣ сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аст"


Муколама бо Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи маъруфи варзиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

2-юми июл, дар Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе бо Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи маъруфи варзиш, муколама баргузор шуд.

Натиҷагирӣ аз Евро-2012 ва озмуни Радиои Озодӣ, омодагиҳои варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон-2012 аз мавзӯъҳои аслии ин сӯҳбати зинда бо шунавандагону хонандагони торнамои Озодӣ буд.

Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ ва раиси Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, бо бинандагону шунавандагон ва хонандагони сайти интернетии Радиои Озодӣ мулоқот кард ва ба саволҳои мухлисони варзиш посух дод.

Дар ҷараёни ин муколама Нарзуллоҳи Латиф иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон то ҳоло ягон варзишгари тоҷик ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ мушарраф нашудааст.

Дар воқеъ, гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати дастаи яккачини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992-юм дар Барселона медали тилло ба даст оварда буд, вале ин медали ӯ на ба Тоҷикистон, балки ба мунтахаби ИДМ мутааллиқ аст.

Бинобар ин, Нарзуллоҳи Латиф пешниҳод кард, ки аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз миёни варзишгарони тоҷик ба унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон арзанда мебошад.

Ба андешаи ӯ чунин пешниҳод барои пирӯзии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ ба онҳо нерӯи тоза ва илҳому рӯҳияи баланд мебахшад.

Чанд лаҳзаи навори видеоии ин мулоқотро метавонед дар сайти мо тамошо кунед.

Сӯҳбати аудиоии ин мулоқот комилан ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 1:02:28 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG