Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе азон бо баландгӯякҳо мамнуъ эълон шуд


Масҷиди ҷомеи Душанбе
Масҷиди ҷомеи Душанбе
Шаҳрдори Душанбе пахши садои баланд тавассути баландгӯяк дар масоҷиди пойтахтро мамнӯъ эълон кардааст. Тибқи иттиллои сомонаи расмии шаҳрдорӣ дар ҷаласае, ки рӯзи душанбеи 2 июл бо ширкати масъулин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта доир шуд, тасмими шаҳрдор дар ин бора эълон шуд.

Шаҳрдори пойтахт ба мақомоти интизомӣ дастур додааст дар ҳамаи масҷидҳои Душанбе «камераҳои назоратӣ” насб кунанд.

Тибқи ин тасмим садои азон набояд аз доираи масҷид ба берун барояд.
Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар Душанбе 4 масҷиди ҷомеи марказӣ, 20 масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди панҷвақта фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG