Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Эрон хабар додааст, ки низомиёни ин кишвар мушаки миёнбурди болдори худро бо номи “Шабоб-3” муваффақона озмоиш додаанд ва ин мушак ба Исроил кишваре, ки бо Эрон хусумат меварзад дастрасӣ дорад. Эрон мегӯяд бурди ин мушак то 2 ҳазор километр аст. Масофаи байни Эрон ва Исроил 1000 километрро ташкил медиҳад.

Мушак дар чаҳорчӯбаи размоишҳои низомии Эрон мавриди озмоиш қарор гирифт. Размоишҳо зери номи мустаори “Паёмбари аъзам-7” рӯзи душанбе оғоз шуда буд ва дар ҳоле анҷом мегирад, ки фишорҳои Ғарб бар Теҳрон ташдид ёфтааст ва таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо барои воридоти нафти Эрон эътибор пайдо кардааст. Эрон мегӯяд, ҳадафи ин машқҳо намоиши тавоноии низомӣ дар баробари ҳар гуна амали душманона аз хориҷ мебошад.
XS
SM
MD
LG