Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдории Душанбе пахши садои баланд тавассути баландгӯяк дар масҷидҳои пойтахтро мамнӯъ эълон кард.

Тибқи иттиллои сайти расмии шаҳри Душанбе, дар ҷаласае, ки рӯзи душанбеи 2 июл бо ширкати масъулин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта доир шуд, тасмими раиси шаҳр ҷиҳати тағйирот дар истифодаи баландгӯяк дар масоҷид эълон шудааст.

Ба иттиллои ҳамин манбаъ, дар ин ҷаласа дар қатори масоили дигар ҳамчунин масъалаи адои маросимҳои диниву мазҳабӣ ва "халалдор накардани оромиву сукунати барандагони адёни дигар» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Шаҳрдори Душанбе муқаррар кардааст, ки имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ аз «истифодаи ғайримақсадноки баландгӯякҳо ҳангоми баргузории намозҳои фарзӣ ҷилавгирӣ карда», «корбарии дурусту мақсаднок аз дастгоҳҳои тақвияти овоз»-ро роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст дар ҳамаи масоҷиди пойтахт «камераҳои мушоҳидавӣ» насб намоянд.

Ҳамакнун бар пояи ин қарор, садои азон дар масҷид ба маротиб пойин оварда шуда, набояд аз доираи худи ин масҷид ба берун барояд.

Бар пояи маълумоти Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар Душанбе 4 масҷиди ҷомеи марказӣ, 20 масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди панҷвақта амал мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG