Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интизор меравад ИМА ва Покистон ба зудӣ дар мавриди бозкушоии роҳҳои икмолотии нерӯҳои НАТО аз хоки Покистон ба тавофуқ бирасанд.

Як мақоми покистонӣ зимни ибрози ин хабар гуфтааст, як тавофуқ дар ин маврид ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад ин иқдом бӯҳрони ҳафтмоҳаро, ки байни Амрико ва Покистон дар ин замина идома дорад, поён хоҳад дод.

Як мақоми аршади амниятии Покистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, тавофуқ дар мавриди бозкушоии роҳҳои мувосилотӣ барои нерӯҳои НАТО ба зудӣ эълон мешавад.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Амрико гуфтаанд, Томан Найдз, муовини вазири умури хориҷии Амрико рӯзи душанбе баъд аз мулоқот бо мақомоти покистонӣ, Исломободро тарк кард.

Интизор меравад мақомоти аршади ҳукумат ва вазорати дифои Покистон имрӯз сешанбеи 3-юми июл дар Исломобод мулоқот намуда, баҳсҳо бо муовини вазири умури хориҷии Амрикоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Баъд аз кушта шудани 24 сарбози покистонӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар моҳи ноябри соли 2011, роҳҳои мувосилоти ба рӯи нерӯҳои НАТО аз тариқи Покистон баста шуданд. Покистон хостори пӯзишхоҳии Амрико дар ин замина мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дабири кулли НАТО Фог Рассмусен рӯзи душанбе гуфт, ҳамкориҳои низомӣ миёни низомиёни Покистон ва НАТО дар ин авохир коҳиш ёфтааст ва умедвор аст дар ояндаи начандон дур ин ҳамкориҳо барқарор шаванд.
XS
SM
MD
LG