Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2012: Бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ


Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор мешаванд.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ 12 тими Лигаи олӣ, ду дастаи ғолиби даври пешакӣ – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе, “Далерон”-и шаҳри Истаравшан ва як дастаи лигаи якум - “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашид. Аз ин рӯ рақиби “Парвоз” дар даври ҳаштякниҳоӣ – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби "Истиқлол" дар чаҳорякфинал ғолиби ҷуфти ССКА "Помир" - "Вахш" мебошад.

Ҷоми Тоҷикистон-2012
Бозиҳои 1/8 финалӣ. Бозиҳои аввал

7-уми июл, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30


«Хайр» (Вахдат) - «Далерон» (Истаравшан)
Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат

«Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе)
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб

ССКА «Помир» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

8-уми июл, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30

«Гвардия» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд)
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

РТСУ (Душанбе) - «Зарафшон» (Панҷакент)
Варзишгоҳи “Локомотив”-и Душанбе

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) - «Ҳосилот» (Фархор)
Варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Истаравшан» (Истаравшан)
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода
XS
SM
MD
LG