Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон эҳёи транзити НАТО-ро баҳс мекунад


Роҷа Парвиз Ашраф-сарваизири Покистон
Роҷа Парвиз Ашраф-сарваизири Покистон
Тибқи баъзе гузоришҳо имрӯз мақомоти Покистон имкони ифтитоҳи роҳи заминии икмолоти нерӯҳои НАТО ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Моҳи ноябри соли 2011-ум баъди куштори тасодуфии 24 сарбози покистонӣ дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоии НАТО Покистон роҳҳояшро баст. Охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбати телефонӣ бо сарвазири тозаинтихобшудаи Покистон Роҷа Парвиз Ашраф котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон имкони боз намудани роҳи заминии икмолотро баҳс кард.
XS
SM
MD
LG