Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили пирӯзии Испания дар Мадрид


Қаҳрамони Аврупо-дастаи футболи Испания
Қаҳрамони Аврупо-дастаи футболи Испания
Шаби гузашта баъди бозгашти мунтахаби футболи Испания аз шаҳри Киев ба Мадрид дар ин кишвар таҷлили пирӯзӣ оғоз ёфт. Рӯзи якшанбе дар қуваозмоии ниҳоии Ҷоми Аврупо футболбозони Испания мунтахаби Италияро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дода, собит намуданд, ки феълан беҳтарин дастаи рӯи олам мебошанд. Испания дар соли 2008-ум Ҷоми Аврупо ва соли 2010-ум Ҷоми ҷаҳонро низ ба даст овардааст. Дастаи Испанияро дар фурӯдгоҳи Барахас шоҳи ин кишвар Хуан Карлос пешвоз гирифт. Сипас футболбозон болои автобуси кушода баромада, бо тантана дар кӯчаҳои Мадрид сайр карданд. Тахмин мешавад, ки дар ин ҷашн беш аз як миллион нафар иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG