Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори 7 нафар бар асари бомбгузорӣ дар Қандаҳор


Шаҳри Қандаҳор, 2 июли соли 2012.

Шаҳри Қандаҳор, 2 июли соли 2012.

Рӯзи душанбе мансабдорони афғон хабар доданд, ки дар ҷануби ин кишвар як бомбгузори маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро мунфаҷир намуда, камаш ҳафт нафарро ба ҳалокат расондааст. Дар ин ҳодиса ҳамчунон беш аз 20 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аҳмад Ҷовид Файсал- сухангӯи волии вилояти Қандаҳор гуфт, таркиш дар назди даромадгоҳи Донишгоҳи шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ду километрии пойгоҳи низомии сарбозони амрикоӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ афзуд, тамоми қурбониҳову захмиён афроди мулкӣ буданд.
Ду ҳафта пеш дар вилояти Қандаҳор толибони силоҳбадаст болои ду пойгоҳи муштараки Афғонистону НАТО ҳамла карда, чор афсари полиси афғонро ба қатл расонда буданд.
Қандаҳор, ки зодгоҳи ҷумбиши ифротгарои Толибон ба шумор меравад, ҳамоно яке аз марказҳои муқовимат ба нерӯҳои байналмилалӣ ва ҳукумати президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG