Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мизбони нишасти мухолифини Сурия


Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, охири ҳамин моҳ ду нишасте бо ҳузури мухолифони давлати Сурияро мизбонӣ хоҳад кард, ки дар он барномаи сулҳи Созмони Милал барои он кишвар баррасӣ мешавад. Ин барнома, ки аз сӯи Русияву Амрико низ ҳимоят шудааст, рӯзи шанбе дар шаҳри Женева муаррифӣ шуд ва дар он таъсиси ҳукумати муваққатие дар Сурия пешбинӣ шудааст, ки намояндагони мухолифин ва ҳукумати Башшор Асад дар он шомил бошанд. Аммо мухолифин ин барномаро мазҳака хондаанд. Айни замон дар шаҳри Қоҳира нишасти дурӯзае бо ҳузури 250 узви гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия идома дорад, ки он бо мусоидати Иттиҳодияи Араб сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG