Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири НАТО бӯҳрони Сурияро бадтарин хабар номид


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли паймони НАТО, имрӯз муноқиша дар Сурияро “бадтарин таҳдиди амниятӣ” номид, ки ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ гуфт, режими раиси ҷумҳури Сурия Башшор Асад, тамоми “одамгарӣ ва машрӯъияташро” аз даст додааст ва афзуд, ҷанг дар онҷо тӯлонӣ шуда ва ҷони бисёр зиёдеро гирифтааст. Айни замон Андерс Фог Расмуссен таъкид кард, ки НАТО ба муноқишаи Сурия дахолати низомӣ нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи вай, роҳҳалли сиёсӣ роҳи муносиб аст: “Вокуниши дуруст ба бӯҳрони Сурия вокуниши сиёсӣ мемонад ва вокуниши воҳиди ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи режиме, ки ҳама инсоният ва машрӯъияташро аз даст додааст. “ Ду рӯз пеш аз ин дар як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Женева барномаи сулҳеро барои Сурия муаррифӣ карданд, ки таъсиси ҳукумати муваққат бо ширкати намояндагони мухолифин ва ҳукумати Сурияро дар назар дорад. Аммо мухолифини давлати Сурия ин барномаро напазируфтаанд, зеро дар ба истеъфои раиси ҷумҳур Башшор Асад пешбинӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG