Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон масъалаи Покистонро ба СММ мекашад


Давлати Афғонистон мегӯяд, аз амалкарди Покистон, ки ба рустоҳои наздимарзии Афғонистон мушак меандозад, расман ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал шикоят хоҳад бурд. Фаромурз Таманно, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, агар музокироти ду тараф дар Исломобод роҷеъ ба хотимаи ин ҳамлаҳо бенатиҷа анҷом ёбад, онҳоро масъаларо ба Шӯрои Амният хоҳанд кашид. Ӯ афзуд, ки масъалаи мазкурро ҳукумати Афғонистон зимни сафари қарибулвуқӯъи Раҷа Парвиз Ашраф нахуствазири Покистон аз Кобул дар миён мегузорад:“Дар ҳар сурат мо тамоми роҳҳоро мепаймоем, то агар ҳеҷ роҳе натиҷа надиҳад, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон омодаи ҳаволаи ин мавзӯъ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.” Раёсати Кумитаи Амнияти Миллии Афғонистон гуфт, далелҳои кофӣ дорад, ки собит мекунанд, мушакҳои суқуткарда дар рустоҳои вилояти ҷанубии Қунар, як такягоҳи аслии Толибон, аз нерӯҳои мусаллаҳи Покистон аст. Мақомоти маҳаллии Афғонистон пайваста аз мушакандозиҳо ба рустоҳои наздимарзӣ шикоят карда ва мегӯянд, ҳазорон нафар аз тарси ин ҳамлаҳо аз хонаҳояшон гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG