Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инйеста беҳтарин футболбози Аврупо шуд


УЕФА, Иттиҳодияи федератсиюнҳои футболи Аврупо Андрес Инйеста, бозигари испониёиро беҳтарин футболбози мусоқиботи ЕВРО-2012 эълом кард, ки дар Лаҳистону Украина баргузор шуд. Як рӯз пеш аз ин тими Испониё дар бозии зебое, рақиби бомаҳорати худ Итолиёро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод ва унвони пайиҳам бори дувум қаҳрамони Аврупо дар футбол шуд. Инйеста яке аз 10 бозигари испониёӣ буд, ки барои унвони “беҳтарин футболбози мусобиқоти имсола” ба УЕФА пешбарӣ кардаанд. Испониё нахустин кишваре шуд, пайиҳам се унвони бонуфузи футболро ба даст меорад, як дафъа мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва ду дафъа дар мусобиқоти футболи Аврупо.
XS
SM
MD
LG