Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи сулҳи Сурия дар Миср


Ҳудуди 200 нафар аз мухолифини давлати Сурия дар нишасте дар шаҳри Қоҳира пойтахти Миср, дар бораи барномаи гузариши сиёсӣ дар он кишвар гуфтӯгу доранд, ки ин барномаро Созмони Милал, Русия ва Амрико ҳимоят кардаанд. Намояндагони Фаронса, Тунис ва Туркия ба ин ҳамоиш, ки бо мусоидати Иттиҳодияи Араб сурат мегирад, даъват шудаанд. Аммо Артиши Озоди Сурия, ки бо нерӯҳои давлатии Сурия меҷанганд, ин нишастро “дасисае” хондаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба нафъи шарикони режими Сурия, Русия ва Эрон аст. Ба хотири хотима додан ба хунрезиҳои рӯзафзун дар Сурия қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Женева таъсиси ҳукумати муваққатӣ бо ширкати намояндагони мухолифин ва ҳукумати Башшор Асад баррасӣ карданд. Аммо намояндагони мухолифин ин барномаро мазҳака номиданд.
XS
SM
MD
LG