Пайвандҳои дастрасӣ

Митчелл дар Душанбе ва баҳси иқтисодиёт бо мақомоти тоҷик


Андрев Митчелл, вазири рушди байналмилалии Бритониёи Кабир. (акс аз бойгонӣ)

Андрев Митчелл, вазири рушди байналмилалии Бритониёи Кабир. (акс аз бойгонӣ)

Вазири рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир ба манзури анҷоми як сафари корӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад.

Дар ҷараёни сафари худ ҷаноби Андрев Митчелл рӯзи 1-уми июл бо бархе аз масъулони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар ва Нусратулло Давлатов, роҳбари Кумитаи андоз дидору мулоқот кардааст.

Баъд аз дидору мулоқот бо мақомоти расмӣ, ҷаноби Митчелл ба навоҳии водии Вахши вилояти Хатлон сафар карда аз тарзи иҷрои чанде аз барномаҳои махсуси ин вазорат дар Тоҷикистон дидан кардааст.

Тибқи иттиллои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар доираи ин сафар вазири рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир бо Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазир ва бархе аз масъулини бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон низ дидору мулоқот анҷом додааст.

Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир бо роҳандозии чандин барнома дар вилояти Хатлон, водии Зарафшон ва Рашт тавонистааст дар арсаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва обу обёрӣ ба сокинони ин манотиқ кӯмак кунад.

Тибқи хабари расида аз Раёсати иттиллооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин нахустин сафари як мақоми расмии Бритониёи Кабир ба Тоҷикистон дар чунин сатҳ аст, ки баъди барқарории муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир сурат мегирад.

Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир аз соли 1992 ба дунболи касби истиқлоли Тоҷикистон ҳамкориҳои дипломатии худро розандозӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG