Пайвандҳои дастрасӣ

Размоиши серӯза дар Эрон шурӯъ шуд


Эрон эълом кард, ки ба хотири намоиши қудрати низомии худ, дар баробари фишори рӯзафзуни кишварҳои ғарбӣ размоиши серӯзае баргузор мекунад. Ба гуфтаи мақомот, машқҳои низомӣ дар як минтақаи биёбонии Эрон ва бо истифода аз мушакҳои замин ба замин сурат мегиранд, ки қодиранд то Исроил ва кишварҳои ҷануби Аврупоро низ бирасанд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, размоишҳо нишон хоҳад дод, ки Эрон қодир аст ба ҳаргуна иқдоми хасмона алайҳи ин кишвар посухи қатъие диҳад. Размоишҳо дар Эрон як рӯз баъд аз он шурӯъ шуд, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои саркашии Эрон аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум расман аз хариди нафти Эрон даст кашиданд. Эрон мегӯяд, ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст, аммо кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон саъй дорад, бомби атомӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG