Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурони хориҷиро аз Сомалӣ раҳо карданд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, нерӯҳои давлатии Сомалӣ, чаҳор маъмури имдодии хориҷиро дар ин кишвари ҷангзада аз дасти афроди мусаллаҳ озод кардаанд. Кормандони Шӯрои Норвегиягии Паноҳандагонро ҳафтаи гузашта дар ҳамлае ба ӯрдугоҳи Дадоб дар Кения рабуда ва ронандаи онҳоро куштанд. Ба гуфтаи мақомоти Сомалӣ ва Кения, дар амалиёти наҷот дар шаби гузашта ҳеҷ касе аз ин маъмурони имдодӣ аз Покистон, Канада, Филиппин ва Норвегия осеб надидаанд. Афроди мусаллаҳ, моҳи октябри соли гузашта ду табиби испониёӣ ва кормандони созмони “Табибони Бидуни Марз”-ро рабуданд ва то кунун дар Сомалӣ дар асорат нигаҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG