Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фернандо Торрес, ҳамлагари дастаи мунтахаби Испания, соҳиби “Кафши тиллоӣ”-и мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо-2012 гардид.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми Аврупо-2012 шаш нафар – Марио Балотеллӣ (Италия), Марио Ҳомес (Олмон), Криштиану Роналду (Португалия), Фернандо Торрес (Испания), Марио Манҷукич (Хорватия) ва Алан Дзагоев (Русия) сеголӣ задаанд.

Барандаи “Кафши тиллоӣ” аз рӯи нишондоди гол+пас муайян шуд. Се нафар – Фернандо Торрес, Криштиану Роналду ва Марио Ҳомес натоиҷи якхела – 4 (3 гол +1 пас) ба даст оварданд. Вале Торрес аз рақибонаш камтар - ҳамагӣ 189 дақиқа бозӣ кардааст. Бинобар ин “Кафши тиллоӣ” насиби Фернандо Торреси 28-солаи испанӣ, ки дар бошгоҳи футболи “Челси”-и Инглистон бозӣ мекунад, гардид.

Ёдовар мешавем, ки чаҳор сол пеш ҳам узви дастаи мунтахаби Испания Давид Виля, ки дар 4 бозӣ 4 гол зада буд, бо “Кафши тиллоӣ” мукофотонида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG