Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихтилофи қудратҳо бар сари ояндаи Башор Асад


Ояндаи Башор Асад ва баёния поёнии нишасти гурӯҳи тамос дар Женева, ба масъалаи мавриди ихтилофи қудратҳо табдил шудааст.

Дар ҳоле, ки бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, бар пояи ин баёния ки даъват ба ташкили давлати интиқолӣ дар Сурия кардааст, Башор Асад бояд аз қудрат канор равад, бархе дигар таъкид мекунанд, ки ин баёния ҳеҷ посухе дар ин бора ба миён наоварда ва набояд тарҳе аз хориҷ бар суриягиҳо таҳмил шавад.

Вазирони умури хориҷии Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин ба иловаи Туркия, Қатар ва Кувайт дар нишасти Женева ҳузур доштанд. Бан Кӣ Мун, дабири кули СММ, Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, Роберт Муд, раиси нозирони СММ дар Сурия ва Катрин Аштон ҳамоҳангсози равобитии хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумлаи ширкаткунандагони нишасти Женева буданд.
Баёнияи поёнии ин нишаст даъват ба ташкили давлати интиқолӣ дар Сурия ва пойбандии ҷонибҳои даргир ба тарҳи сулҳи Кофи Анон кардааст.

ИХТИЛОФИ ҚУДРАТҲОИ ҶАҲОНӢ

Вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи якшанбе гуфт, ки баёнияи поёнии нишасти Женева ба сурати тадриҷӣ аз зарурати канорагирии Башор Асад аз қудрат сухан гуфтааст.

Бар гузориши хабаргузории Ройтерз, ҳангоме ки вазири умури хориҷии Фаронса дар бораи мавзеи мутафовити Русия ва Чин дар бораи ояндаи Асад пурсида шуд, гуфт: «Ҳатто агар бар хилофи ин назар матраҳ кунанд, аммо матни биёнияе, ки аз ташкили давлати интиқолӣ бо ихтиёроти комил сухан гуфтааст, ба ин маънӣ аст, ки Башор Асад дар он ҳузур нахоҳад дошт, зеро шахсиятҳои мавриди қабули ҳама, узви ин давлат хоҳанд буд.»

Вазири умури хориҷии Фаронса афзуд: «Мухолифон ҳеҷ гоҳ бо ҳузури Башор Асад дар давлати интиқолӣ мувофиқат нахоҳанд кард ва ин ба маънии зарурати канорагирии ӯ аз қудрат аст.»

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе пас аз нишасти Женева ба хабарнигорон гуфта буд, ки баёнияи нишасти Женева ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарурати канорагирии Башор Асад ишора намекунад, зеро ҳеҷ пеш шарте дар хусуси канор гузоштани ҳеҷ гурӯҳе аз давлати ваҳдати миллии пешниҳодӣ вуҷуд надорад.
Вазири умури хориҷии Фаронса афзуд, ки ҳафтаи ояндаи нишасте дар Порис бо ҳузури беш аз сад шахсият бо ҳадафи ташкили «Ҷабҳаи воҳид» аз ҳамаи гурӯҳои мухолифин барои кӯмак ба иҷрои тарҳи Кофӣ Аннон баргузор хоҳад шуд. Ин нишаст дар идомаи силсилаи нишастҳои «Дӯстони мардуми Сурия» баргузор мешавад. Русия ва Чин бо ширкат дар ин нишаст мувофиқат накардаанд.

МУХОЛИФОН: БАЁНИЯИ ЖЕНЕВА РӮШАН НЕСТ

Сухангӯи Шӯрои милли Сурия баёния поёнии нишасти Женеваро бо вуҷуди доштани «нуқоти мусбат», «бисёр норӯшан» хондааст. Басма Ал- Қазмонӣ, сухангӯи ин шӯро ба хабаргузории Фаронса гуфтааст :«Ба назар мерасад нуқтаҳои мусбате дар баёнияи нишасти Женева вуҷуд дошта бошад, аммо ин баёния ҳамчунон норӯшан аст.»

Дар таҳаввулоти майдонӣ, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз идомаи даргириҳо дар ин кишвар миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон хабар додааст. Умдатарин даргириҳо дар атрофии шаҳри Димишқ – пойтахти Сурия сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG