Пайвандҳои дастрасӣ

Салафиён мақбараҳои суфиёнро тахриб мекунанд


Гурӯҳи исломии марбут бо ал-Қоида дар кишвари Малӣ

Гурӯҳи исломии марбут бо ал-Қоида дар кишвари Малӣ

Рӯзи якшанбе шоҳидони айнӣ иттилоъ доданд, ки дар шаҳри маъруфи Тимбуктуи кишвари африқоии Малӣ ду рӯз инҷониб гурӯҳи ифротгарои марбут бо созмони террористии ал-Қоида мақбараҳои пирони тасаввуфро вайрон мекунад. Рӯзи шанбе гурӯҳи ифротии Ансор-уд-дин се мақбараи суфиёнро тахриб намуда, рӯзи якшанбе чор мақбара дар қабристони Ҷингарейберро вайрон кард. Гурӯҳи салафии Ансор-уд-дин тарафдори шариат буда, мақбараҳои чандинасраи пешвоёни тасаввуф дар шаҳри Тимбуктуро бо хурофот ва бутпарастӣ марбут медонад. Солҳои ахир салафиён дар Миср ва Либия ҳам мақбараҳои пешвоёни суфиёнро тахриб кардаанд.Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун тахриби мақбараҳоро маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG