Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Испания аз унвони қаҳрамони Аврупо дифоъ кард


Хордӣ Алба-муаллифи голи дуюми Испания

Хордӣ Алба-муаллифи голи дуюми Испания

Дирӯз дар Киев дастаи мунтахаби футболи Испания бо ҳисоби 4 бар 0 рақибон аз дастаи Италияро шикаст дода, барои чор соли дигар унвони қаҳрамони Аврупоро ҳифз намуд. Дастаи Испания соли 2008-ум қаҳрамони Аврупо ва дар соли 2010-ум қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ҳисобро дар бозии финалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Киев ҳамлагари Испания Давид Силва дар дақиқаи 14-ум кушод. Сипас дар дақиқаи 41-уми қисмати аввали қуваозмоӣ муҳофизатгари Испания Хордӣ Алба тӯби дуюмро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 84-уми бозӣ ҳамлагари дигари Испания Фернандо Торрес бори сеюм ва дар дақиқаи 88-ум Хуан Мата ба дарвозаи Италия боз ду гол зада, собит карданд, ки феълан Испания беҳтарин дастаи Аврупост. Ҷои ёдоварист, ки ин дуюм қуваозмоии Испания ва Италия дар чемпионати имсолаи Аврупо мебошад. Ду даста дар як гурӯҳ буданду бозии онҳо бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расида буд. Мишел Платинӣ-раиси Иттиҳодияи Футболи Аврупо (UEFA) иброз дошт, ки Украина ва Полша ё худ Лаҳситон мизбонии Ҷоми Аврупо 2012-ро хеле хуб ташкил намуда буданд.
XS
SM
MD
LG