Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил умед дорад, ки сулҳ бо Миср пойдор мемонад


 Муҳаммад Мурсӣ-президенти Миср

Муҳаммад Мурсӣ-президенти Миср

Президент ва сарвазири Исроил ба президенти тозаинтихобшудаи Миср паёмҳои табрикотӣ фиристодаанд. Президент Шимон Перес ва сарвазир Бенямин Натаняҳу дар паёмҳояшон президенти нави Миср Муҳаммад Мурсиро бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик намуда, изҳори умед кардаанд, ки сулҳи миёни ду кишвар давомдор хоҳад буд. Аз замони барканории собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта сарнавишти созиши сулҳ бо Миср барои исроилиҳо мояи нигаронӣ буд. Ғалабаи Мурсӣ, ки номзади гурӯҳи исломии Ихвон-ул-муслимин мебошад, ташвиши исроилиҳоро афзоиш додааст. Паёмҳои раҳбарони исроилӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки созиши сулҳ бо Миср аз соли 1979 барои кишвари яҳудӣ аҳамияти бузург дорад, зеро он имкон медиҳад, ки Исроил ба ҷабҳаҳои ноором монанди Лубнон, Сурия ва манотиқи таҳти назорати фаластиниҳо бештар таваҷҷӯҳ кунад.
XS
SM
MD
LG