Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: Рушди солонаи Афғонистон 5% мешавад


Канали даҳкилометра дар Афғонистон, ки бо кумаки байналмилалӣ сохта шудааст
Канали даҳкилометра дар Афғонистон, ки бо кумаки байналмилалӣ сохта шудааст
Рӯзи якшанбе Бонки Ҷаҳонӣ гузориш дод, ки рушди Афғонистон то соли 2025-ум солона эҳтимол ба 5 дар сад баробар шавад. Ҳамин манбаъ мегӯяд, агар раҳбарии ин кишвар беҳбуд ёбад, рушди солона метавонад то 6,7 дар сад боло равад.
Раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ Боб Саум дар арафаи кушоиши конфронси байналмилалии кумакрасонҳои Афғонистон дар Токио гуфт, Афғонистон дар рӯ ба рӯи умедворӣ, интизорӣ ва имконоти бузург қарор дорад.
Дар Афғонистон захираи калони маъданҳои мухталиф нуҳуфтааст, ки коршиносон онро ба 3 триллион доллар баробар медонанд. Агар истихроҷу коркарди ин маъданҳо раҳандозӣ шавад, Афғонистон метавонад миллиардҳо доллар аз ҳисоби ҷамъи андоз ба даст орад. Афғонистон умед дорад, ки ҳафтаи равон дар конфронси Токио кумакрасонҳои байналмилалӣ барои соли оянда ба ин кишвар то 4 миллиард доллар кумаки молӣ ваъда хоҳанд дод, то соли 2014-ум вақте ин кишвар ба пои худ рост истод, бо камбуди молӣ мувоҷеҳ нашавад.
XS
SM
MD
LG