Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадрдонии Қасри Сафед аз таҳрими нафти Эрон


Ҷей Карнӣ-сухангӯи Қасри Сафед
Ҷей Карнӣ-сухангӯи Қасри Сафед
Рӯзи якшанбе Қасри Сафед ба таҳрими нафти Эрон аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, ки сар аз якуми июл оғоз ёфтааст, баҳои баланд дод. Дар изҳороти Қасри Сафед омадааст, ки дар музокироти ҳафтаи гузашта мақомоти Эрон имкон доштанд, ки дар рафъи нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон пешрафте ҳосил кунанд. Сухангӯи Қасри Сафед Ҷей Карнӣ мегӯяд, тасмими 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо нишондиҳандаи садоқати муттафиқони аврупоӣ ва коршарикон дар ҳалли осоиштаи нигарониҳои байналмилалӣ дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон мебошад. Ба қавли Карнӣ иқдоми Иттиҳодияи Аврупо бахши муҳими кӯшишҳои дипломатӣ дар муомила бо Теҳрон аст.
XS
SM
MD
LG