Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибек Муродов: "...он замон беақл будам"


Ҷонибек Муродов (акс аз бойгонӣ).

Ҷонибек Муродов (акс аз бойгонӣ).

Ахиран «Биҳишт барои мурдагон», боз як филми ҷадиди Ҷамшед Усмонов, коргардони тоҷики муқими Фаронса манзури тамошобинон шуд, ки дар миёни бинандагон дар шабакаҳои интернетӣ баҳсҳои тезутундро ба бор овард.

Дар муаррифии ин филм гуфта мешавад, ки як ҷавон дар Тоҷикистон пас аз ҷашни арӯсӣ наметавонад бо ҳамсари худ хобухез кунад ва роҳи шаҳрро пеш мегирад. Он ҷо аз сари ӯ саргузаштҳои романтикиву ҷиноие мегузаранд, аммо дар ниҳоят ӯ аз асрори хобухез огоҳ мешавад ва ба деҳа бармегардад. Аммо бархе саҳнаҳои филм, ки моломоли фаҳшанд, аксари қишрҳои интернетиро аз миёни сокинони Тоҷикистон норозӣ кардааст. Қабл аз ҳама ширкати Ҷонибек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик дар яке аз чунин саҳнаҳо баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Мо Ҷонибек Муродовро пайдо кардем ва аз ӯ шарҳи ширкати ӯ дар ин филмро хостем:

Ҷонибек Муродов: Ин филмро соли 2004 ба навор гирифта буданд. Вақте Ҷамшед Усмонов, ки як коргардони маъруф ҳастанд, маро даъват карданд, бидуни баҳс, розӣ шудам, зеро он кас филмҳои ғайриоддӣ мегиранд ва аксари онҳо зуд машҳур мешаванд. Ин филм ҳам дар фестивали Канн намоиш дода шуд. Дар шабакаҳои Русия, Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо чанд бор намоиш дода шудааст. Ҷамшед Усмонов, ҳамчун як тоҷик дар сатҳи Аврупо филм гирифта метавонад. Хуб, филм соли 2006 тайёр шуда буд, аммо ҳоло дар интернет пайдо шудааст, баъди он ки ман машҳур шудам. Боз махсус ҳамон ҷояшро, ки саҳнаи ман аст, гирифта дар интернет пахш кардаанд. Соли 2004 хеле ҷавон будам. 18 сол доштам. Бисёр чиҳоро намефаҳмидам. Маро касе намешинохт. Донишҷӯ будам. Вақте контракт кардем бо Ҷамшед Усмонов, мазмуни филмро ҳам намедонистам. Вақте филм тайёр шуд, худ онро дида, сахт нороҳат шудам. Лекин контрактро вайрон карда наметавонистам. Ақли имрӯзаам мебуд, албатта, ба чӣ қимате набошад, контрактро вайрон мекардам. Аммо он замони беақлӣ буд. Хато буд. Аз мухлисон ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш мекунам, фаҳманд, ки ин филм имрӯзҳо гирифта нашудааст, 7 сол пеш буд. Агар имрӯз гӯянд, ки «тилло медиҳем», ҳамон нақшро бозӣ кун, намекунам.

Озодӣ: Ҷонибек, чанд бор дар сӯҳбатҳоят гуфта будӣ, ки ту намоз мехонӣ. Боз ҷое гуфта будӣ, ки мехоҳӣ писарат намозхон бошад. Як ҳамкори мо ҳам гуфт, ки туро дар намози ҷумъа дидаанд. Фикр намекунӣ, ки ин нақш ба обрӯи ту латма ворид мекунад?

Ҷонибек Муродов: Албатта, мекунад. Аз ҳамин хотир ман тавассути радиои "Озодӣ" гуфтаниам, ки 18 -сола будам, зиндагиро намефаҳмидам. Орзу мекардам, ки дар ягон филм нақш офарам. Даъват карданд, қабул кардам. Ҳар чӣ, ки шуд, шуд. Аммо такрор мекунам, ки ҷавон будам. Ҳоло хатоямро фаҳмидаам. Аммо аз ин нақш рӯ намегардонам. Он ҳам як саҳифаи зиндагии ман аст. Муҳим ин аст, ки нақшро хуб иҷро карда бошам.Ин, ки пас аз 20 - солагӣ Худованд маро ба намозу ибодат ҳидоят кард, гуноҳҳои худро мешӯям, тавба мекунам. Умедворам, ки ин филми ҳанӯз 6 – 7 сол пеш тайёршударо баъзеҳо душманона алайҳи ман истифода накунанд.

Озодӣ: Падарат хабар доранд аз ин филм?

Ҷонибек Муродов: Не. Медонанд, ки дар як филм нақш бозӣ кардаам, аммо худи филмро надидаанд.

Озодӣ: Агар хабар ёбанд?

Ҷонибек Муродов: Худо мегӯям, ки хабар наёбанд. Агар хабар ёбанд, намедонам чӣ мешавад. Аммо бовар дорам, ки он кас ҳамчун санъаткор маро мефаҳманд. Ман дар филм нақш бозӣ карда будам. Як одами солимақл мефаҳмад, ки ин як нақш асту халос. Ин санъат аст, барои мо – бегона ва бадахлоқӣ, аммо барои инсонҳои дигар дар Аврупо – санъат.

Озодӣ: Ҳунармандони филм, махсусан занон, ҳама аз Тоҷикистонанд?

Ҷонибек Муродов: Не, занҳо ҳамагӣ аз Украинаву Русияанд. Танҳо ману қаҳрамони асосӣ - Хуршед ва Маъруфҷон, ки дар нақши ҷинояткор бозӣ мекунад ва баъзеи дигарҳо, масалан, Даврон Алиматов, овохони маъруф, тоҷикем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG