Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қибрис раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда гирифт


Аз 1-ӯми июл Қибрис ё Кипр раёсати давраии Итииҳодияи Аврупоро бар ӯҳда гирифт. Худи Қибрис ин ҳафта ба кӯмакдиҳандагони байналмиллалӣ муроҷеа кард ва аз онҳо кӯмаки молӣ хост. Бад-ин тариқ Қибрис кишвари панҷуми қаламрави истифодаи пули евро мебошад, ки ба кӯмаки байналмиллалии молӣ ниёз пайдо кардааст.

Мақомоти Қибрис мегӯянд, ки бӯҳрони молии Юнон-кишвари ҳамсоя ба вазъи иқтисодии Қибрис низ асари манфӣ гузоштааст.

Рӯзи душанбе як ҳайат аз Кумиссиюни Аврупо, Бонки Марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул барои омӯзши вазъи молии Қибрис вориди ин кишвар мешавад.
XS
SM
MD
LG