Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 нафар дар инфиҷори бами роҳ дар Афғонистон кушта шуданд


Пулиси Афғонистон мегӯяд, рӯзи якшанбе дар наздикии шаҳри Ғазнӣ дар инфиҷори бами роҳ 5 нафар ғайринизомиён кушта шудаанд. Муҳаммад Ҳусайн-муовини раиси пулиси вилояти Ғазнӣ мегӯяд, як автобуси мусофирбар , ки одамон дар он нишаста буданд ба бами роҳ бархӯрдааст. Ба гуфтаи вай, 11 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Ин мошин аз Кобул ба сӯи Қандаҳор ҳаракат мекард. Касе масъулияти ин бамгузориро бар дӯш нагирифтааст, вале дар баъзе доираҳо Толибонро дар ин кор гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG