Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Сурия ба нақшаи СММ розӣ нестанд


Бурҳон Ғалиюн

Бурҳон Ғалиюн

Рӯзи якшанбе гурӯҳҳои мухолифони Сурия аз нақшаи сулҳи СММ барои марҳали гузори сисёсӣ интиқод карданд. Бурҳон Ғалиюн-як мақоми расмии Шӯрои Миллии Сурия марказаш дар Лондон ин барномаро “масхара” номид ва гуфт, мардуми Сурия чӣ тарз бо “қотили худ” ба музокира нишинанд. Басмо Қадмонӣ-хонуме аз Шӯрои Миллии Гузор роҷеъ ба ин барнома эҳтиёткорона сӯҳбат кард ва гуфт, дар ин барнома ба ҳар ҳол баъзе ҷанбаҳои мусбат ба назар мерасад.Матбуоти ҷонибдори ҳукумати Сурия низ аз барномаи СММ интиқод кардааст.

Аммо дар дохили Сурия рӯзи якшанбе тазоҳуроти эътирозии мардум бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳур ҳамчунон идома дошт.

Тибқи хабарҳо дар ин рӯз дар Сурия 21 нафар кушта шудаанд.
Кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсояи Сурия роҷеъ ба харитаи роҳ барои гузори сисёсӣ дар Сурия ба тавофуқ расиданд. Ҳадаф аз ин гузори сисёсӣ поин додан ба хунрезиҳои 16 моҳи ахир дар Сурия аст. Вале ширкати Башор Асад-раиси ҷумҳур дар ин гузори сисёсӣ ҳанӯз зери суол аст. Баъд аз музокироти Женева Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб гуфт, вай шубҳа дорад, ки мардуми Сурия ононеро ба марҳалаи гузор бигирад, ки “дасташон олудаи хун аст”.
XS
SM
MD
LG