Пайвандҳои дастрасӣ

Қудратҳои ҷаҳонӣ роҷеъ ба Сурия ба тавофуқ расиданд


Кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва кишварҳои ҳамсояи Сурия роҷеъ ба харитаи роҳ барои гузори сисёсӣ дар Сурия ба тавофуқ расиданд. Ҳадаф аз ин гузори сисёсӣ поин додан ба хунрезиҳои 16 моҳи ахир дар Сурия аст.

Вале ширкати Башор Асад-раиси ҷумҳур дар ин гузори сисёсӣ ҳанӯз зери суол аст. Баъд аз музокироти Женева Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб гуфт, вай шубҳа дорад, ки мардуми Сурия ононеро ба марҳалаи гузор бигирад, ки “дасташон олудаи хун аст”.

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, барои Асад “рӯзҳо шумурда мешавад”. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, мардуми Сурия бояд тасмим бигиранд, ки раҳбарии кишвари онҳоро кӣ бар ӯҳда хоҳад дошт, на СММ. Вазири хориҷаи Чин аз ҳамаи ҷонибҳои Сурия даъват кард, ки бидуни ҳеҷ шарт ба хушунатҳо хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG