Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои ИА бар зидди Эрон имрӯз эътибор пайдо мекунад


Имрӯз, 1 июл таҳрими нафти Эрон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо эътибор пайдо мекунад. Ин таҳримҳо ҷиддитарин иқдоми Иттиҳодияи Аврупо дар робита бо барномаҳои ҳастаии Эрон мебошад. Иқтисоддонон бар ин боваранд, ки ин таҳримҳо даромади ин кишварро тақрибан 50 дарсад коҳиш хоҳад дод.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ дар охири моҳи январ ба тасвиб расида буд. Ҳадаф аз таҳримҳо ин аст, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо нафти хом ва фаровардаҳои нафтии Эронро харидорӣ накунанд ва боварӣ ҳосил шавад, ки киштиҳо ба ҳамлу нақли ин нафт машғул нахоҳанд шуд.

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсади нафти Эронро ворид мекунанд. Бино ба маълумоти Ожонси Энержии Байналмиллалӣ содироти нафти хоми Эрон дар соли ҷорӣ 40 дарсад поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG