Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи шанбе, 30-юми июн, се бозии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - 3:1
Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода.
Голҳо: Ҷамшед Исмоилов (се гол-) 33, 60, 85, Худойдод Нусратов,7

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РАВШАН» (Кӯлоб) - 0:1
Варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд.
Гол: Течӣ Соломон,27

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ХАЙР» (Ваҳдат) - 1:3
Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент.
Голҳо: Маҷидов, 80-Хоҷаев, 90+2, Мирзоев, 75, Исмоилов,23

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе)- 0:2
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Голҳо:Юсуф Рабиев, 48, Дилшод Восиев,53 .

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 13-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Гвардия» (Душанбе) бинобар иштироки футболбозони ҷавони тоҷик дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Малайзия мавқуф мононда шуд. Бозии ССКА “Помир” бо “Парвоз” 25-уми июл ва бозии “Вахш” бо “Гвардия” 28-уми июл баргузор мешаванд.

Чаҳор даста - "Регар-ТадАЗ", "Хуҷанд", "Ҳосилот" ва "Зарафшон" бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд. Новобаста аз натоиҷи бозиҳои мавқуфгузошташуда, дастаи "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид.

Дастаи "Равшан" сарфи назар аз натиҷаи бозии мавқуфгузоштааш бо "Вахш" (21-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа) дар давраи аввал мақоми дуввумро касб кард.
Дастаҳои "Истиқлол" ва "Хайр" барои ҷойи севум талош доранд. Барои ба даст овардани мақоми севум дар давраи аввали мусобиқот, ба "Истиқлол" бозии охиринашро бо "Вахш" рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа мусовӣ кардан кофист.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Регар-ТадАЗ"

12

10

2

0

33-9

32

2.

"Равшан"

11

9

1

1

17-5

28

3.

стиқлол"

11

7

2

2

27-8

23

4.

"Хайр"

10

5

2

3

20-18

17

5.

“Хуҷанд”

12

5

1

6

18-18

16

6.

“Истаравшан”

12

4

2

6

18-24

14

7.

“Парвоз”

10

4

1

5

25-17

13

8.

"Вахш"

7

4

1

2

12-4

13

9.

"Энергетик”

9

3

4

2

16-13

13

10.

ССКА “Помир”

8

2

2

4

9-14

8

11.

"Ҳосилот”

12

2

1

9

12-31

7

12.

“Зарафшон”

12

1

3

8

14-37

6

13.

"Гвардия”

10

1

0

9

7-30

3


Нишонзанҳои беҳтарин:Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") 9-гол, Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд"), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 7-голӣ.
Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, таърихи баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро муайян кард.

11-уми июл, чоршанбе
Бозиҳои даври 9-ум
«Вахш» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Энергетик»
ССКА «Помир» - «Хайр»

17-уми июл, ҷумъа
Бозии даври 10-ум
«Хайр» - «Вахш»
Бозии даври 11-ум
ССКА «Помир» - «Энергетик»

21-уми июл, сешанбе
Бозии даври 11-ум
«Вахш» - «Равшан»
Бозии даври 12-ум
«Гвардия» - ССКА «Помир»

25-уми июл, шанбе
Бозии даври 12-ум
«Энергетик» - «Вахш»
Бозии даври 13-ум
ССКА «Помир» - «Парвоз»

28-уми июл, сешанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»
Оғози бозиҳо – соати 17:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG