Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Кофӣ Аннон ба қудратҳои ҷаҳон роҷеъ ба Сурия


Кофӣ Аннон
Кофӣ Аннон
Рӯзи шанбе Кофӣ Аннон- фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб ба қудратҳои ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки онҳо бахше аз масъулияти кушторҳо дар Сурияро бар дӯш хоҳанд дошт, агар натавонанд дар бораи роҳҳои хатми нооромиҳои 16 моҳи ахир дар Сурия ба тавофуқ бирасанд. Вай рӯзи шанбе дар маросими гушоиши мулоқоти байналмиллалӣ роҷеъ ба Сурия дар Женева дар ин бора изҳори ақида кард.

Русия кишвари аслии муттаҳиди Сурия пофишорӣ дорад, ки ҳар гуна гузор дар Сурия набояд аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ ба Сурия таҳмил шавад. Дар ин мулоқот вазирони хориҷаи 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ширкат доранд. Туркияву Кувайт, Қатар ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ низ дар он ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG