Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳсҳои нафту гази озариҳову туркманҳо ба СММ меравад


Туркманистон мегӯяд, масъалаи баҳси соҳибият ба захоири нафту гази Дарёи Хазар бо Озарбойҷонро ба СММ хоҳад бурд. Кокогелдӣ Абдуллоев-вазирии нафту гази Туркманистон дар эъломияе гуфт, дар бораи захоири нафту гази баҳсбарангези ин минтақа ба Додгоҳи Байналмиллалии СММ шикоят хоҳад бурд. Баҳси миёни Туркманистону Озарбойҷон дар авоили моҳи июн шиддати бештар пайдо кард вақте, ки киштии нозири Озарбойҷон як киштии Туркманистонро муттаваққиф кард ва гуфт, ки он дар обҳои мавриди баҳс ба омӯзиши захоири нафт машғул аст.
XS
SM
MD
LG