Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар Колорадо ҷони ду нафарро рабуд


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи сӯхтор дар аёлати Колорадо воқеъ дар ғарби Амрико 2 нафар кушта шудаанд. Оташ тақрибан ба 7000 ҳектор замин ва ҷангалоти Колорадо зарар расондааст. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз манотиқи осебдида боздид кард ва қавл дод, ки барои барқарории ин манотиқ аз будҷаи федеролӣ кӯмак хоҳанд кард. Салиби Сурхи Амрико ба аҳолии осебдида сарпаноҳ фароҳам меорад ва кӯмакҳои дигарро дар ихтиёри онҳо мегузорад. То ҳол рӯшан нест, ки сабаби оғози ин сӯхтор чӣ будааст.
XS
SM
MD
LG