Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Шинҷон-Уйғури Чин зилзила рух дод


Дар натиҷаи зилзила дар минтақаи худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин 24 нафар осеб дидаанд. Даҳҳо хона вайрон ва шабакаҳои интиқоли нируи барқ, обрасонӣ ва роҳҳо хароб шудаанд. Садҳо сар ҳайвони хонагӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба минтақаҳои осебдида гурӯҳҳои наҷот фиристода шудаанд. Шиддати ин зилзила 6,6 дараҷаро ташкил додааст ва маркази он дар минтақаи миёни Ҳеҷинг ва Синюан воқеъ будааст. Дар Урумчӣ-маркази вилоят низ зилзиларо эҳсос кардаанд.
XS
SM
MD
LG