Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фармонҳои раиси ҷумҳур дар бораи тағироти кадрӣ


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Тибқи хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини додситони шаҳри Душанбе, додситонҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои Хуҷанду Данғара, Балҷувону Румӣ ва Истиқлолу Фирдавсӣ аз мақомашон барканор шудаанд.

Додситони низомии Суғд, раисони пулиси ноҳияҳои Панҷу Нурободро низ раиси ҷумҳур бо фармони худ аз мақом барканор кардааст. Дар ҳамаи ин мақомҳо афроди нав таин шудаанд.

Дар бораи сабабҳои барканорӣ хабар дода намешавад, вале раиси ҷумҳур аз афроди тозатаин хостааст, ки муборизаро бо қочоқи маводи мухаддир ва ришвахорӣ тақвият бахшанд ва бо мардум муносибати самимона барқарор кунанд.
XS
SM
MD
LG