Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷик Эйр" боздошти чархболҳояш дар Кобулро рад кард


Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи боздошти ду чархболи ин ширкат дар Кобул рад кардааст. Дар хабаре, ки имрӯз ин ширкат барои матбуот пахш кардааст, гуфта мешавад, ки ду чархболи ин ширкат бар асоси қарордод дар Афғонистон бо ҳамлу нақли колоҳои ғайринизомии НАТО машғул аст.

Ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ба сабаби пеш омадани мубоҳисот миёни кордиҳанда ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон фаъолияти ин ду чархбол ва 30 корманди он дар фурудгоҳи Кобул боздошта шуд. Кормандони он шаҳрвандони Тоҷикистону Русия, Украинаву Қирғизистон ва Колумбия мебошанд.

Ширкати ҳавоии Тоҷикистон дар хабари худ гуфтааст, фаъолияти чархболҳо боздошта нашудааст ва онҳо ба таври озод метавонанд дар қаламрави Афғонистон парвоз кунанд.

Қаблан хабарҳо пахш шуда буд, ки ду чархболи ширкати “Тоҷик Эйр”-и Тоҷикистон дар Афғонистон боздошта шудааст.
XS
SM
MD
LG