Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Ҳейг мегӯяд, мулоқот роҷеъ ба Сурия душвор пеш меравад


Виллиам Ҳейг
Виллиам Ҳейг
Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, пешрафт дар мулоқоти Женева роҷеъ ба ҳали бӯҳрони Сурия ҳамоно ба “хеле душворӣ” рӯ ба рӯст. Вай зимни суханони худ ба хабарнигорон аз Русияву Чин хост, ки бо нақшаҳои кишварҳои ғарбӣ дар бораи гузори сисёсии қудрат дар Сурия розӣ шаванд. Ҳейг гуфт, кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия аз мақомаш истеъфо диҳад ва он яке аз бахшҳои гузори сиёсӣ дар он кишвар ба шумор меравад.

Аммо Русия кишвари аслии муттаҳиди Сурия пофишорӣ дорад, ки ҳар гуна гузор дар Сурия набояд аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ ба Сурия таҳмил шавад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти рӯзи шанбе Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва Ҷомеаи Араб харитаи роҳро барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Сурия пешниҳод кунад.

Дар ин мулоқот вазирони хориҷаи 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ширкат доранд. Туркияву Кувайт, Қатар ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ низ дар он ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG