Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 июл -- Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ


Шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 154 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АИПС мебошанд. АИПС миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти АИПС мебошад.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС), ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шуд.

АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Оинномаи АЖРВТ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 майи соли 2001-ум ба қайд гирифта, 14-уми ноябри соли 2007-ум аз нав номнавис шудааст.

Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзиши ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG