Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурғоб. Чӣ гуна маблағи қутосҳо "обу лой" шуд?


Намое аз маркази ноҳияи Мурғоб (акс аз бойгонӣ)
Намое аз маркази ноҳияи Мурғоб (акс аз бойгонӣ)

Як намояндаи «Дафтари зотпарварии Тоҷикистон»-и вазорати кишоварзӣ барои аз худ намудани маблағи хариди қутос муттаҳам гардид.

Раёсати оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Бадахшон мегӯяд, ки ин мақоми давлатӣ қутосҳоро аз мардум бо нархи арзон харидорӣ намуда ва ба давлат бо нархи қимат фурӯхтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин мақом дар маҷмӯъ ба давлат бештар аз 800 ҳазор сомонӣ зарар ворид сохтааст.

Ба гуфтаи сардори бахши тафтишоти раёсати оҷонсӣ Азамат Наврӯзқулов, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар ҳамдастӣ бо раиси хоҷагиии фермерии зотпарварии «Булунклул» тартиб дода шуда, шарикон барои ҳар килограмм вазни зиндаи қутос ба соҳибонашон 10 сомонӣ пардохт намуданд, вале дар борхатҳои хариди чорво 15 сомонӣ нишон додаанд.

Вай гуфт: "Бо раиси хоҷагии фермерии «Булункӯл» оиди харид намудани 1000 сар қутос шартнома баста шуд, вале ҷиҳати дар ҳоҷагии мазкур набудани саршумори зарурии чорво масъули корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ ва раиси хоҷагӣ қутосҳоро аз чорвопарварони алоҳида бо нархи арзон харид ва қимат ба давлат фурӯхтаанд , ки дар натиҷаи ин муомилоти ғайриқонунӣ дар ҳаҷми калон ба буҷа зарар расонданд."

Тафтишот ҳамчунин камомади 97 сар қутосро ошкор сохтааст, ки дафтари вазорати кишоварзӣ ва собиқ раиси хоҷагии «Булункӯл» тибқи аснод барои ноҳияи Ҷиргатол харид намудаанд, аммо бо сабабҳои номаълум онҳоро ба ноҳияи ҳамсоя интиқол надода, аз дами теғ гузарониданд.

Камомади қутосҳои барои ноҳияи Ҷиргатол харидшуда дар ҳоле ошкор шудааст, ки моҷарои «сайр»-и қутосҳои нар аз Мурғоб ба Ҷиргатол ҳанӯз хомӯш нашудааст. Қаблан мутахассисони ҷиргатолӣ ба манзури афзоиши қутосхои зотӣ ба ноҳия омада дар ин ҷо қариб 200 сар қутос хариданд, вале ҳангоми ба Ҷиргатол расондани онҳо, қутосҳо ҳамагӣ нар баромаданд.

Журналист Алишер Ҷунайдов мегӯяд: "Саҳлангорӣ шудааст ва ё ғами киса будаааст, ки ба мутахассисон имконият надодаааст байни қутосҳои нар ва мода фарқе гузоранд. Шояд мардум қутоси нарро арзонтар мефурӯхт ва мутахассисони ҷиргатолӣ бо тез шудани бозори хариду фурӯш аз ёд бурданд, ки барои афзоиши насл онҳо бояд бештар қутоси мода харид намоянд."

Аммо на фақат фарқияти нарх барои ҳар як килограмм вазни зиндаи қутос аз ҷониби ашхоси мансабдор мавриди сӯистифода қарор гирифтааст, балки дар натиҷаи муомилоти ғайриқонунӣ ба ҳаққи ин ҳайвоноти безабони нимваҳшӣ низ дастдарозӣ шудааст. Намояндаи корхонаи воҳиди давлатӣ дар Душанбе бо Абдулбаси Жолукеев - бародари собиқ раиси хоҷагӣ вохӯрда, вайро розӣ кунондааст, ки ба борхатҳои хариди хӯроки чорво барои қутосҳо имзо гузорад. Аммо маблағ ба суратҳисоби хоҷагӣ даромад нашуда, қутосҳо ин миқдори коҳро, ки рӯйи коғаз 20 тоннаро ташкил медиҳад, дар мавсими танқисии хӯрока, ки бар асари хушксолӣ шадидан эҳсос мешуд, фақат орзу карда метавонистанд.

Аммо дар ҳоле, ки раёсати оҷонсӣ ба манзури ҷуброни зарари расонида ба давлат нисбати азхудкунандагони маблағ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, бархе аз сокинони маҳалли Булункули ноҳияи Мурғоб аз моҷарои ахири марбут ба қутосҳо хабар ёфта, мегӯянд, ки онҳо баргардонидани зарари расонда ба чорвопарваронро талаб мекунанд. Зеро қаллобон чорворо бо нархи арзон харид намуда, на ба давлат, балки ба кисаи мардум, ки бе ин ҳам дар ҳолати танги иҷтимоӣ қарор дорад, зарар расонданд.

Ҳукумати кишвар тибқи як барномаи вижаи рушди қутоспарварӣ ба вазорати кишоварзӣ барои харид намудани 1000 сар қутоси зотӣ аз ноҳияи Мурғоб ва ба дигар навоҳи Бадахшону манотиқи Балҷувон, Варзоб, Тавилдара, Ҷиргатол, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бурдани онҳо маблағи дуву ним миллион сомонӣ ҷудо карда буд.
XS
SM
MD
LG