Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон ва Лавров низоъи Сурияро баррасӣ карданд


Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров дар мулоқоте дар шаҳри Санкт Петербург, ихтилофоти назар дар бораи хатми муноқиша дар Сурияро баррасӣ карданд. Ин ихтилофот конфронси байналмилалӣ дар бораи Сурия дар Женеваро таҳти суол гузошт. Дар остонаи ин нишаст, Сергей Лавров аз он ибрози таассуф кард, ки ба нишасти Женева, Эрону Арабистони Саудӣ, Ӯрдун ва Лубнонро даъват нашуданд. Қарор буд, рӯзи шанбе дар конфронси Женева барномаи сулҳи Кофӣ Анон дар Сурия баррасӣ ва аз он ҳамаҷониба ҳимоят шавад. Ин барнома, таъсиси ҳукумати муваққатӣ дар Сурияро дар назар дорад, ки ба он аъзои ҳукумат ва мухолифони он шомил шаванд. Аммо Сергей Лавров, гуфтааст, кишвараш ба ҳеҷ гуна фишори хориҷӣ барои истеъфои Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия ҳамроҳ нахоҳад шуд. Гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия гуфтаанд, то замоне, ки Башшор Асад истеъфо надиҳад, ба мусолиҳаи сиёсӣ розӣ нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG