Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон паноҳандагони афғонро меронад?


Ба ҳудуди 400 ҳазор паноҳандагони бесанади афғон дар Покистон хатари ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад, зеро мӯҳлати сабти номи онҳо рӯзи шанбе ба поён мерасад. Покистон мизбони 1 миллиону 700 ҳазор паноҳандаи афғон аст ва мегӯяд, бори изофии 400 ҳазор паноҳандаи бесанади дигар дар вилояти Хайбар Пахтунхваро кашида наметавонад. Миён Ифтихор Ҳусайн, як мақоми баландпояи Покистон гуфтааст, ки маъмурони пулис, феҳрасти паноҳандагони қонуниву ғайриқонуниро таҳия кардаанд ва баъди 30 июн паноҳандагони бесанад дастгир ва аз Покистон ронда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG